Hlavní navigace

 Ҳазрати Оиша (р) 6345

3

Pro hodnocení programu se prosím nejprve přihlaste

Staženo
1 ×
Бунёди Чамъиятии Васатият тақдим мекунад Ин китоб бозгӯкунандаи ҳаёти босаодати Оишаи Сиддиқа(р) - ҳамсари беҳамтои Паёмбари гиромии ислом Муҳаммад (с) мебошад. Расули Худо (с) дар ҳаққи ҳамаи уммат ба таври умумӣ ва дастаҷамъӣ дуъо кардааст, аммо аз миёни онон дар ҳаққи Оиша(р) ба таври хусусӣ ва ҷудогона дуъо намудааст, ки ин аст. Ҳадис: «Худоё ҳама гуноҳони аввалину охирин ва пӯшидаву ошкорои Оишаро мағфират бикун». Боз Расулуллоҳ (с) гуфтааст: «Қасам ба Аллоҳ, ки ин дуъои ман аст барои умматам, ки дар ҳар намозе ин дуъоро мекунам». (Ин ҳадисро имом Баззор ривоят карда, Албонӣ ҳадиси ҳасанаш гуфтааст).


Сониян: Моро аз зумраи ононе гардонидааст, ки пайравӣ аз дини ростини Ислом, дине, ки дорои Паёмбари охирини Илоҳӣ ва хайрул башар, ҳазрати Муҳаммад (с) буда ва Худованд китоби охирини худ– Қуръони каримро, бар Ӯ нозил намудааст, то моро аз зулумоти куфру нифоқ ва аз ибодат ва парастиши ҳар чизи дигаре, ки ғайр аз Худованди якто аст, дур дорад. Ва бояд қайд намуд, ки шореҳ ва муфассири ин китоби осмонӣ, аҳодиси гаронбаҳои Расули акрам мебошанд, ки моро аз мафоҳими оёти Худо бохабар месозанд ва дини моро комил менамоянд, то мо роҳи дурусти ҳаётамонро интихоб намуда, дар дунё хушбахт зиндагӣ кунему дар қабр осуда бихобем ва дар охират аз ҷумлаи муқаррабони даргоҳи илоҳӣ бошем.

Пас огоҳ бош, эй хонандаи гиромӣ, ки ду асли муҳимми дини мо, яке Қуръони карим ва дигаре Суннат, ё аниқтараш ҳадисҳои Расули акрам (с) мебошанд. Пас, бояд ба ин ду асли муҳим чанг занем ва албатта, ҳаргиз гумроҳ нахоҳем шуд ва ҳаёти хубе дар дунё ва охират бароямон интизор аст.

Хонандаи ниҳоят гиромӣ! Китобе, ки дар даст дорӣ, китобест, ки бозгӯкунандаи ҳаёти босаъодати модари мӯъминон, ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р), духтари нахустхалифа ва ёри аввали паёмбарамон - ҳазрати

Абубакри Сиддиқ (р) ва ҳамсари бовафои Расули акрам (с) мебошад. Ин китоб нахустин бор баҳори соли 2006 ба табъ расид ва Худоро шукр, ки хуб пазируфта шуд ва мақбули хонандагони азиз гардид, аммо чун адади нашрамон кам буд ва талабу дархости мухлисон зиёд гардид, тасмим гирифтем, ки ин китоб бори дигар ба табъ расад. Алҳамдулиллоҳ, Худованд боз моро муваффақ гардонид, то бори дигар ин китобро аз назар гузаронем ва барои боз ҳам содда ва равон шудани он кӯшиш ба харҷ диҳем, то хонандаи азиз аз он баҳраи бештаре гирифта тавонад.

Мехоҳам диққати хонандаи гиромиро қабл аз оғоз намудан ба ин китоби ниҳоят пурарзиш ба ин нукоти муҳим ҷалб намоям.

1. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа яке аз дӯсдоштатарин занони Паёмбар ба шумор меравад ва Расули акрам (с) дар ҳаққи модарамон чунин гуфтаанд: Аз мардҳо ҳавории (ёри наздик) ман Зубайр аст ва аз занҳо Оиша (р). Инчунин дар ҳадиси дигаре омадааст: «Оиша, ҳамсари ман дар биҳишт аст».



Расули Худо (с) дар ҳаққи ҳамаи уммат ба таври умумӣ ва дастаҷамъӣ дуъо кардааст, аммо аз миёни онон дар ҳаққи Оиша (р) ба таври хусусӣ ва ҷудогона дуъо намудааст, ки ин аст.



Ҳадис: «Худоё ҳама гуноҳони аввалину охирин ва пӯшидаву ошкорои Оишаро мағфират бикун». Боз Расулуллоҳ (с) гуфтааст:



«Қасам ба Аллоҳ, ки ин дуъои ман барои умматам аст ва дар ҳар намоз ин дуъоро мекунам».

(Ин ҳадисро имом Баззор ривоят карда, Албонӣ ҳадиси ҳасанаш гуфтааст).

2. Модарамон Оишаи Сиддиқа (р) дар хонадони Расули акрам (с) тарбия ёфта донотарин шахс ба аҳволу одоб ва хабарҳои вобаста ба Расули акрам (с) мебошад,

ки пас аз даргузашти Расули Худо (с) наздик ба панҷоҳ сол зиндагӣ кардааст ва илму дониши Паёмбари Худоро густариш дода ва суннати ӯро дар офоқ мунташир сохтааст. Пас маълум мешавад, ки дар издивоҷи бобаракати Паёмбар (с) бо модарамон Оишаи Сиддиқа (р), чунин ҳикмате будааст, ки ин зани ҷасуру афифа ва покдоман, пас аз вафоти Расули акрам (с) дар таълиму тарбияи ин уммат ҷонишинии он ҳазратро дар нашри Суннат бар ӯҳда доштааст.

ислом ислам зан занон модар модарон мусалмон мусулмон мусулманка жена пророка зани паёмбар паембар Мухаммад пайгамбар с.а.с. сахоба сподвижник праведная солеха солех зани бо имон тарбия модари мусалмонон оила ва гайрахо.
  • Verze programu

    6345

  • Poslední aktualizace od vývojáře

    5. 1. 2018

  • Počet stažení za měsíc

    0 ×

  • Potřeba instalace:

    Ano

  • Web autora

    Китобхои Исломи

  • Podporované jazyky

    • Bulharština
Zobrazit více
Přejít do Google Play
Zdarma

Sdílet

TIP: Stahují se vám programy pomalu? Změřte si rychlost svého internetového připojení.