Имом Шофеи - Slunečnice.cz Hlavní navigace

 Имом Шофеи 65.033

Pro hodnocení programu se prosím nejprve přihlaste

Staženo 0 ×
Zdarma

Sdílet

ИМОМ ШОФЕӢ (Р)

Ному насаби комили имом Шофеӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад писари Идрис ибни Усмон ибни Шофеъ ибни Соиб ибни Убайд ибни Абӯязид ибни Ҳошим ибни Абдулмутталиб ибни Абдуманноф мебошад. Модари ӯ Фотима духтари Абдуллоҳ ибни Ҳасан ал – Мусанно ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аз қабилаи Азд будааст. Муҳаммад ибни Идрис дар соли 150 – и ҳиҷрӣ, баробар ба соли фавти Абӯҳанифа дар шаҳри Ғазза ба дунё омад

ИМОМ ШОФЕӢ (Р)


Ному насаби комили имом Шофеӣ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад писари Идрис ибни Усмон ибни Шофеъ ибни Соиб ибни Убайд ибни Абӯязид ибни Ҳошим ибни Абдулмутталиб ибни Абдуманноф мебошад. Модари ӯ Фотима духтари Абдуллоҳ ибни Ҳасан ал - Мусанно ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абӯтолиб аз қабилаи Азд будааст. Муҳаммад ибни Идрис дар соли 150 - и ҳиҷрӣ, баробар ба соли фавти Абӯҳанифа дар шаҳри Ғазза ба дунё омад. Хоқонии Шервонӣ мегӯяд:



"Аввалӣ Бӯҳанифа дар гузашт,

Шофеӣ, охири шаб аз модар бизод".



Имом Шофеӣ дар соли 198 ё 199-и ҳиҷрӣ ба сарзамини Миср рафт ва дар рӯзи ҷумъаи охирини моҳи раҷаб соли 204 дар Миср ба раҳмати ҳақ пайваст ва дар мақбараи "Қурофаи суғро" асри ҳамон рӯз ҷасади он бузургвор ба хок супурда шуд. Таърихи зиндагонии Имом Шофеӣ ба ривояти Абӯбакр Муҳаммад ибни Мунзир дар "Маноқиби Шофеӣ", "Шазаротуззаҳаб"-и ибни Имод, "Вафиёт-ул-аъён"-и ибни Халликон ва "Риҳлат-ул-имом аш - Шофеӣ"-и Мунир Адҳам ва таҳқиқоти Муҳаммади Заҳрии Наҷҷор мусаҳҳеҳи китоби "Ал-Умм"-и Имоми Шофеӣ, ба тартиби зайл мебошад:



Падари Имом Шофеӣ як фақири ҳиҷозӣ буд, ки аз Макка ба Шом ҳиҷрат карду дар Ғазза ва Асқалон иқомат гузид ва муддате пас аз ба дунё омадани писараш Муҳаммад даргузашт ва модараш сарпарастии ӯро ба ӯҳда гирифт. Модараш Муҳаммади сағирро дар дусолагӣ аз Ғазза ба Макка бурд ва дар наздикии Ҳарами сарзамини муқаддас сукунат ихтиёр кард. Муҳаммад, ки писаре закиву доно буд, дар синни 7 ё 9 солагӣ ҳамаи Қуръонро ҳифз намуда, ба фарогирии улуми забон (луғат) ва ташхиси лаҳҷаҳои арабӣ пардохт. Онгоҳ ба омӯзиши фиқҳ ва тафсири Қуръони маҷиду аҳодиси Паёмбар (с) рӯй овард. Қуръонро аз Исмоъил ибни Қустантин ва ҳадисро аз Суфён ибни Уйайна, Муслим ибни Холиди Занҷӣ, Саид ибни Қаддоҳ, Довуд ибни Абдураҳмони Аттор ва Абдулмаҷид Абдулазиз ибни Абӯравод омӯхт.



ДОНИШМАНДИ 15-СОЛА ИҶОЗАИ ФАТВО МЕГИРАД
Муслим ибни Холид - муфтии вақти Макка дар синни 15 солагии Муҳаммад ибни Идрис ба ӯ иҷозаи фатво дод. Сипас имоми ҷавон ба Мадина рафт ва муддати 8 моҳ дар маҳзари Имом Молик (р) тафсир, калом ва ҳадисро фаро гирифта, аз Иброҳим Саъди Ансорӣ, Абдулазизи ибни Муҳаммади Даровардӣ, Иброҳим ибни Абӯяҳёи Усомӣ, Муҳаммад ибни Саид ибни Абӯфудайк ва Абдуллоҳ ибни Нофеи Соиғ илми ҳадисро ёд гирифт.



Имом Шофеӣ (р) дар замони зиндагии Имом Молик (р) пайрави ӯ буд ва онгоҳ, ки Имом Молик (р) зиндагиро падруд гуфт, дар соли 195-и ҳиҷрӣ ба Бағдод рафта, ду сол дар онҷо монд. Баъдтар бар ҳасаби лузум ба Макка рӯй ниҳод ва дар соли 198-и ҳиҷрӣ ба Бағдод бозгашт. Дар Ироқ ҳадис, фиқҳ ва улуми қуръониро аз Вакиъ ибни Ҷарроҳ, Абӯ Усома Ҳаммод ибни Усомаи Куфӣ, Исмоил ибни Илия ва Абдулваҳҳоб ибни Абдулмаҷиди Басрӣ омӯхтанд. Имом дар аснои иқомати худ дар Ироқ бо Муҳаммад Ҳасани Шайбонӣ - шогирди Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ошноӣ ёфт ва аз ӯ фиқҳро ба равиши фуқаҳои Ироқ фаро гирифта, бад-ин тартиб хусусиёти аҳли ҳадис ва аҳли раъй, ҳар ду дар ӯ ҷамъ шуд ва онгоҳ дар ин равиш даст ёфтва қавоиде ба вуҷуд овард.



ИМОМ ШОФЕӢ ДАР ЯМАН
Имом Шофеӣ дар Яман ҳадису фиқҳро аз Матраф ибни Мозин, Ҳишом ибни Юсуф - қозии Санъо, Амру ибни Абӯсалама, Мусоҳиб ал-Авзоъӣ ва Яҳё ибни Ҳассон, Мусоҳиби Лайс ибни Саъд фаро гирифт. Бинобар ин устодонаш 19 нафар буданд; панҷ нафар аз Макка, шаш нафар аз Мадина, чаҳор нафар аз Яман ва чаҳор нафар аз Ироқ.

китоб точик таджикский мусалмон мусулмон малакуль ислам дин ислом шариат Худо Аллох фавт Аллах Бихишт дузахт дузах Чаннат Чанна гамгин машав нашав намоз хичоб аврад пайгамбар паёмбар паембар имам бухори бухари куръон курон хадис хадисхо сахех сахехи талок дасти дуои модар закон хач хадж закат
Zobrazit více

Pro hodnocení programu se prosím nejprve přihlaste

Staženo
0 ×

TIP: Stahují se vám programy pomalu? Změřte si rychlost svého internetového připojení.